Хирс дар Ванҷ ду ҳезумчинро захмӣ кардааст

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз ҳамлаи хирс ба ду ҳезумчин дар ноҳияи Ванҷи ВМКБ хабар додааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. КҲФ мегӯяд, 19 октябри соли равон, соати 10:00 ду сокини деҳаи Вишхарви ҷамоати деҳоти Рованди ноҳияи Ванҷ ҳадафи ҳамлаи хирс қарор гирифта, шадидан захмӣ гаштанд.

"Ин ду нафар, ки яке 14 сол ва дуюмӣ 48 сол дошт, барои ҷамъоварии ҳезум ба кӯҳ рафта буданд. Ҳангоми ҷамъоварии ҳезум дар ҷангали деҳаи Ғумаст ногаҳон як хирс ба онҳо ҳамла кардааст", - омадааст дар иттилоия.

Таъкид шудааст, ки ҳар ду захм бардоштаанд, захми яке сабук ва дуюмӣ вазнин гузориш шудааст. Ба иттилои манбаъ, сокинони маҳаллӣ сари вақт ба кумаки ҷабрдидаҳо расида, онҳоро ба беморхона интиқол додаанд.
“Кори хирсозор тамом!”: ҷавоне, ки мехост хирсбачаро фурӯшад, боздошт шуд
Дар айни замон вазъи саломатии ҳар ду муътадил аст ва духтурон мегӯянд, ба онҳо хатаре таҳдид намекунад, илова намудааст КҲФ.
Ин ниҳод хотиррасон намудааст, ки маъмулан дар фасли тирамоҳ хирсҳо фаъол мешаванд. Сабаби ин он аст, ки дар бешазорон меваи дарахтон пухта мерасад ва ин боиси муҳоҷирати мавсимии хирсҳо мешавад.