ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Ирсоли кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон ҳамоно идома дорад. Чанде пеш Ҳукумати Эрон барои дастгирӣ аз мардуми азияткашидаи Афғонистон кумаки башардӯстона фиристод. Дар ин бора сафорати ҶИЭ дар Афғонистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, ба шаҳри Қандаҳор ҳудуди 25 тонна кумак ворид гашт, ки аз маводи ғизоӣ ва маҳсулоти тиббӣ иборат аст.
Илова бар ин Эрон теъдоде аз захмиёни инфиҷорри ахир дар масҷиди шиаёни шаҳри мазкурро барои табобат бурд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 15-уми октябр дар масҷиди шиаёни шаҳри Қандаҳор чор интиҳорӣ худро инфиҷор доданд, ки дар пайи он 33 нафар куштаву 80 тан захмӣ шуданд.
Аз ин пеш, рӯзи 7-уми октябр дар масҷиди шиаёни маҳаллаи Сайидободи шаҳри Кундуз низ як интиҳорӣ худро инфиҷор дода, ҳудуди 50 танро кушт ва 130 нафари дигарро захмӣ бар ҷой гузошт. Масъулияти ин ҳамлаҳоро ДОИШ* ба зимма гирифт.
* -созмони мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия