ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Ронандаи "Мерседес-Бенс" дар пайи бархӯрд ба боркаши корношоям, дар роҳи Душанбе - Панҷи Поён ба ҳалокат расид, хабар медиҳад Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.
Тибқи гузориши ин ниҳоди қудратӣ, ҳодисаи нохуш нимашаби 19-уми октябр, тахминан соати 01:00 рух додааст.
Ронандаи худрави “Мерседес-Бенс”, сокини 27-солаи шаҳри Хуҷанд будааст.
Ӯ ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба ноҳияи Ҷ. Балхӣ, дар шоҳроҳи Душанбе - Панҷи Поён, дар ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳияи Ҷ.Балхӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст.
Ҳамин тавр ронандаи ҷавон ба мошини боркаши "Дулан"-и ронандаи 34-сола, сокини ҷамоати деҳоти Ориёни шаҳри Ҳисор, ки дар канори роҳ дар ҳолати корношоямӣ будааст, бархӯрда, чаппа шудааст.
"Дар натиҷа, ронандаи “Мерседес-Бенс” ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабар.
Манбаъ афзуда, ки таҳиқи ин ҳодиса идома дорад.