ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Дар ВМКБ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар аксар ноҳияҳои ғарби вилоят боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст.
Оҷонсии ҳавошиносӣ мегӯяд, дар ғарби ВМКБ шабона 4-9 ва рӯзона 19-24 дараҷа гармшавии ҳаво дар назар аст. Ҳамзамон дамои ҳаво дар қисмати шарқӣ рӯзона 5-10 дараҷа гарм, вале шабона аз 5 то 10 дараҷа сард мешавад.
Манбаъ афзуд, ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 3-8 ва рӯзона 120-25 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавои вилояти Хатлон камабри бебориш гузориш шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Дамои ҳаво шабона 6-11 ва рӯзона 23-28 дараҷа аст.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 5-10 ва рӯзона 21-26 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 6-8 ва рӯзона 23-25 дараҷа гарм мешавад.