Қурби доллар дар соли 2022 каме болотар аз 72 рубл барои 1 доллар хоҳад буд. Дар ин бора раҳбари Вазорати рушди иқтисодии Русия Максим Решетников зимни ҷаласаи Думаи давлатии Федератсияи Русия изҳори назар кард.
Тибқи пешгӯии вазорат, қурби миёнаи пули амрикоӣ то охири соли 2021 аз 73,6 рубл зиёд нахоҳад шуд, ки ин ба интизориҳои Вазорати рушди иқтисод мувофиқ аст.
"Соли оянда мо интизорем, ки қурб каме бештар аз 72 рубл барои як доллар хоҳад буд ва то соли 2024 он тақрибан ба сатҳи ҳозира бармегардад", - гуфт Решетников.
Вай таъкид кард, ки омилҳои ғайрииқтисодӣ ба арзиши пули амрикоӣ таъсири назаррас доранд, ба монанди интизорӣ ва рӯҳияи сармоягузор.
Қаблан раҳбари Вазорати рушди иқтисод гуфта буд, ки ҳоло қимати рубл ба қадри кофӣ арзёбӣ нашудааст ва дар ояндаи наздик тақвият хоҳад ёфт. Решетников гуфт, ки дурнамо барои соли 2021 "ба фарзияҳои устувории рубл асос ёфтааст".
Илова бар ин вазир қайд кард, ки дар соли 2021 ММД 4,2 фоиз зиёд хоҳад шуд. Ин аз заъфи фаъолияти соҳибкорӣ бинобар хастагии бархоста аз барқарории иқтисод, ки дар ду моҳи охир мушоҳида шудааст, сарчашма мегирад.
Дар навбати худ иқтисоддони шуъбаи таҳлилии бонки "Открытие" Максим Петроневич интизор аст, ки арзиши доллар дар соли 2022 на бештар аз 71-72 рубл хоҳад буд.