ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бори дигар омори сифриро дар бораи коронавирус эълон кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии ин раёсат.
Ҳамин тавр дар давоми 24 соати охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторӣ ба COVID-19 сабт нашудааст.
Вазорати тандурустӣ гуфт, аз аввали бақайдгирӣ то 19 октябр дар кишвар 17 086 нафар бемори коронавирус номнавис шуда, ки 16 960 нафари онҳо шифо ёфтаанд.
Тибқи гузориши вазорат, аз аввали ҳамагирии бемории коронавирус то кунун 124 нафар дар кишвар ҷони худро аз даст додааст.
Ёдрас мешавем, ки 15 октябр дар кишвар дигарбора бемории коронавирус хуруҷ кард.
Вазорат аз мубтало шудани ду тан ба ин вабои аср хабар дод.
Қабл аз он, аз моҳи сентябр то 15 октябр дар Тоҷикистон ягон мавриди гирифторӣ ба коронавирус сабт нашуда буд.
Ёдовар мешавем, ки нахустин мавориди гирифторӣ COVID-19 дар Тоҷикистон рӯзи 30 апрел дар Тоҷикистон кашф шуда буд.