ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Пажуҳишгоҳи исломии Уммон номи раисҷумҳури Тоҷикистонро имсол низ ба феҳрасти “500 мусулмони таъсиргузор барои соли 2022” дохил кардааст.
Рейтинги таъсиргузортарин мусалмонони ҷаҳон, ахиран нашр шуд, ки президенти кишвар бори ҳафтум вориди он гашт.
Дар ин феҳраст дар баробари Эмомалӣ Раҳмон исми Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон қарор дорад.
Исми Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2012 ва номи Саидмукаррам Абдулқодирзода бошад, аз соли 2015 ба феҳрасти 500 мусалмони таъсиргузор роҳ ёфтаанд.
Дар сархати ин феҳрист дар соли ҷорӣ амири Қатар Шайх Тамим бин Хамад Оли Сонӣ, пас аз ӯ шоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз ва Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ, роҳбари Эрон ҷой гирифтаанд.
Панҷгонаи аввал президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон, шоҳи Урдун Абдуллоҳи II ибни Ҳусейн ал-Ҳошимӣ ва Шайх Муҳаммад Тақӣ Усмонӣ, яке аз олимони машҳури исломро шомил мешавад.
Ба TOP-50 шоҳ Муҳаммади VI, подшоҳи Марокаш, сарвазири Покистон Имрон Хон, валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад бин Салмон, футболбози мисрии клуби англисии "Ливерпул" Муҳаммад Салоҳ ва ҳамзамон раҳбари гурӯҳи террористии "Толибон"* Ҳайбатулло Охунзода низ ворид шудаанд.
Ҳамзамон президентҳои Озарбойҷон Илҳом Алиев, Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раҳбари Чеченистон Рамзан Қодиров, муфтии Ӯзбекистон Усмон Алимов низ ба ин феҳраст дохил шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки феҳрасти TOP-500 аз бонуфузтарин мусалмонони ҷаҳон сар аз соли 2009 ҳамасола нашр мешавад.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия