ДУШАНБЕ, 19 окт - Sputnik. Раҳматулло Гадоев, ки бо гумони даст доштан дар куштори Руфейда Иноятоваи 8-сола боздошт шуда буд, аз ҷониби Додгоҳи Олии Тоҷикистон ҳукми абад гирифт.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон падари духтар Валиҷон Иноятов хабар дод.
Додгоҳ Гадоевро ба ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - 138, таҷовуз ба номуси духтари ба синни 14 нарасида ва 104 - куштор гунаҳкор донист.
Ёдрас менамоем, ки ҳодисаи куштори даҳшатбори духтари 8-сола дар ноҳияи Рӯдакӣ аввали моҳи июл рух дода буд. Руфейда Иноятова ҳамагӣ як ҳафта пеш аз зодрӯзаш, 4 июл аз назди хонаашон нопадид шуд ва рӯзи дигар ҷасади порашудаи ӯро аз мабрази ҳамсоя пайдо карданд.
Гумонбари асосӣ, ҳамсоя ва падари дугонаҳои духтарак Раҳматулло Гадоеви 31-сола баъди як рӯзи ҳодиса боздошт ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд. Ӯ ба иттиҳоми нақзи ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - 138, таҷовуз ба номуси духтари ба синни 14 нарасида ва 104 - куштор боздошт шуд.
Ҳодисаи куштори Руфейдаи 8-сола ҷомеаи Тоҷикистонро такон дод ва дар пайи он фаъолон аз мақомот дасрхост карданд, ки муҷозот барои ин гуна ҷиноятҳо, аз ҷумла таҷовузи кӯдакон сангин шавад.