Панҷшер Залмай Халилзодро ба хиёнат муттаҳам кард

Залмай Халалзодро Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба он муттаҳам намудааст, ки ӯ бо ҷангиёни "Толибон"* робита доштааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон сафири собиқи Амрико ва намояндаи вижаи ИМА дар умури Афғонистон Залмай Халилзодро ба хиёнат муттаҳам намуд. Дар ин бора намояндаи ҷабҳа Алӣ Назарӣ дар "Twitter" хабар додааст.
Ба гуфтаи вай, Халилзод тайи се сол ҷунбиши радикалии "Толибон"*-ро дар Афғонистон қонунӣ кардааст. Ӯ афзуд, ки сафири пешини Амрико борҳо ба ҷангҷӯён гузашт кардааст, ки бар ивази он чизеро аз онҳо тақозо накардааст.
Назарӣ мегӯяд, ҷаноби Халилзод на танҳо ба Кобул, балки ба Вашингтон низ хиёнат намудааст.

"Ҳукумати ИМА бояд тафтиши ҳамаҷонибаи аҳдҳои пасипардагии Залмай Халилзод ва "Толибон"*-ро анҷом диҳад", - талаб намудааст намояндаи ҶБМ дар афғонистон.

Маврид ба зикр аст, ки Халилзод аз мақоми худ истеъфо дод ва Томас Уэст, ки қаблан муовини Халилзод буд, намояндаи вижаи Амрико дар Афғонистон таъйин шудааст.
Шабакаи телевизионии амрикоии CNN ахиран эълон кард, ки ин тасмим чанд рӯз пеш гирифта шудааст.
Гуфат мешавад, Халилзод мебоист моҳи май аз ин мақомаш равад, аммо розӣ шуд, то ин муддат дар мақомаш бимонад.
* созмони мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия