ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Шоҳзода Карим Оқохони IV дар феҳристи 500 мусалмони пурнуфузи дунё дар мақоми 30-ум ҷой гирифтааст.
Феҳрасти 500 мусулмони асаргузори ҷаҳонро ҳар сол Пажуҳишгоҳи таҳқиқоти роҳбурдии исломии Уммон тартиб медиҳад.
Ҳамчунин ин феҳраст кишвардор Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзодаро шомил мешавад.
Дар сархати ин феҳрист дар соли ҷорӣ амири Қатар Шайх Тамим бин Хамад Оли Сонӣ қарор дорад. Пас аз ӯ шоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз ва Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ, роҳбари аъзами Эрон ҷой гирифтаанд.
Ба панҷгонаи аввал президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон, шоҳи Урдун Абдуллоҳи II ибни Ҳусейн ал-Ҳошимӣ ва Шайх Муҳаммад Тақӣ Усмонӣ, яке аз олимони машҳури ислом дохил мешаванд.
Оқохони IV кист?
Шоҳзода Карим Оқохони IV 13 декабри соли 1936 дар шаҳри Женеваи Швейсария дар хонаводаи шоҳзода Алӣ Салмонхон ва бону Тоҷуддавла Алихон ба дунё омадааст.
Вай дастпарвари Донишкадаи исломшиносии Донишгоҳи Ҳарвард буда, бунёдгузор ва сарвари Шабакаи тавсеаи Оқохон (AKDN) аст. Ӯ пас аз падарбузургаш Султон Муҳаммадшоҳ, дар рӯзи 11-уми июли соли 1957, дар 20-солагӣ пешвои руҳонии исмоилиёни ҷаҳон шудааст.