ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik. Дар ин кишвар лоиҳаи озмоишии ҷалби муҳоҷирони корӣ барои фаъолият дар сохтмонҳои Русия оғоз ёфт, гуфт намояндаи Агентии муҳоҷирати хориҷӣ дар назди Вазорати шуғли аҳолӣ ва муносибатҳои кории ин ҷумҳурӣ.
Пештар хабар дода шуд, ки 10 ҳазор муҳоҷири ӯзбек барои кор дар сохтмонҳои Русия мераванд.
"Имрӯз 35 нафари аввал аз ташхиси тиббӣ мегузаранд ва озмоиши охирин дар доираи барнома ба охир мерасад", - гуфт намояндаи оҷонсӣ.
Дар ҳамин ҳол намояндагони 10 ширкати Русия барои гузаронидани мусоҳиба ва интихоби касбӣ дар доираи барнома аллакай ба Тошканд омадаанд.
"Рӯзҳои наздик мо бақияи рӯйхати Вазорати сохтмони Русияро интизорем", - афзуд масъули оҷонсӣ.
Ёдовар мешавем, ки 7 октябр сарвазири Русия Михаил Мишустин фармон дар бораи оғози барномаи озмоишии ҷалби 10 ҳазор муҳоҷири корӣ аз Ӯзбекистон ба сохтмонҳои Русияро имзо кард.
Пеш аз вуруд ба Русия муҳоҷирони корӣ озмоиш ва бо "Sputnik Light" моякӯбӣ мешаванд.