ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Овозхон Мир Мафтун ду моҳи пеш пас аз суқути аксари вилоёти Афғонистон ба Душанбе омада, дар ин ҷо зиндагиву кор мекард. Ҳоҷӣ Малик Парвонӣ, рубобнавози Мир Мафтун дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, овозхони маъруф дирӯз тасмим гирифт, ки ба Ватан баргардад.
"Вай сари фарзандонаш диқ шуд, ки дар Афғонистон монда буданд. Ҳам он ҷо як рӯзу рӯзгоре дорад, гову гӯсфанду дигар чиҳо. Гуфт, ки меравад, то онҳоро хабар гирад. Ӯ қаблан ҳам Тоҷикистон омада, мерафт", - гуфт ӯ.
Мири Мафтун бори аввал соли 2013 бо даъвати Президент Тоҷикистон ба Тоҷикистон омада, барнома иҷро карда буд. Дар як маҳфил Эмомалӣ Раҳмон як ҷомаи зардӯхти тоҷикӣ туҳфа кард, ки баъдҳо бо он дар барномаҳои телевизионҳои Афғонистон баромад карда, бо ифтихор мегуфт, ки он туҳфаи раисҷумҳури Тоҷикистон аст.
Аз ҳамон солҳо ба ин сӯ Мир Мафтун меҳмони ҳамешагии Тоҷикистон ва дар консерту ҷашнвораҳои гуногун иштирок мекард. Соли равон ӯ дар шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат ва Бохтар се консерти наврӯзӣ бо иттифоқи ҳамтоёни тоҷики худ иҷро кард.
Соли 2020 вазорати фарҳангу иттилооти Афғонистон ба ӯ унвони Устодро дод, ки бузургтарин арҷгузорӣ ба ҳунару истеъдоди як овозхон дар Афғонистон аст.
Бозгашти ӯ дар ҳолест, ки дар гузашта “Толибон”* чанд маҳаллисароро дар Кандаҳору Бағлон ба шаҳодат расонида буданд. Ин гурӯҳ баробари вуруд ба Кобул фармон ҳам бароварда буд, ки аз ин ба баъд мусиқӣ дар Афғонистон қатъиян манъ аст.
Аммо ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон мегӯяд, ӯро дар посгоҳи марзии Ишкошими вилояти Бадахшони Афғонистон "Толибон"* пешвоз гирифта, то хонааш бурда расондаанд.
Мир Мафтун ҳудуди 60 сол дошта, дар маркази вулусволии Ишкошим зиндагӣ мекунад ва асосан бо хондани сурудҳои маҳаллӣ маъруф гаштааст. Вай як писар дорад.
* гурӯҳи мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия