Милисаҳои собиқадор бо кормандони феълӣ табодули таҷриба мекунанд

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз мулоқот ва табодули таҷрибаи собиқадорони мақомоти умури дохилӣ бо кадрҳои феълии ин вазорат хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан дар ҷумҳурӣ 14 ҳазору 445 нафар собиқадору нафақахӯри мақомоти корҳои дохилӣ ба сар мебаранд.
Генерал-майори мустаъфӣ Ҷӯрахонзода Саид Қаюм, раиси Созмони собиқадорони ВУД Тоҷикистон мегӯяд, мулоқотҳо бо милисаҳои ҷавон дар доираи чорабиниҳои бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ баргузор мешавад.
ВУД мегӯяд, яке аз чунин мулоқотҳо дар шаҳри Ваҳдат гузаронда шуд. Таъкид шудааст, ки дар ин шаҳр 397 нафар собиқадор фаъолият мекунанд, ки 68 нафарашон зиёда аз 25 сол собиқаи кор дар милисаро доранд.
Тақдими мукофот ба мақомдорони феълию пешини ҳукумат ва парлумони Тоҷикистон
Сардори шуъбаи милисаи шаҳри Ваҳдат, полковник Шомадзода Фирдавс Маҳмад изҳор дошт, ки чунин мулоқоту суҳбатҳо дар оянда низ бояд бештар шаванд.
ВУД Тоҷикистон таъкид намудааст, ки собиқадорони ин ниҳод ба синну соли хеш нигоҳ накарда, ҳоло ҳам ба наслҳои имрӯзаи милисаи ҷавон дарси матонат меомӯзанд, бо ибрати шахсӣ, панду насиҳатҳо дар тарбияю камолоти наслҳои ҷавон фаъолона саҳм мегузоранд.