Халилзод, намояндаи вижаи ИМА дар умури Афғонистон истеъфо дод

Фиристодаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон истеъфо дод ва ҷойгузини ӯ низ эълон шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Залмай Халилзод, фиристодаи вижаи Амрико барои сулҳ дар Афғонистон акнун ба унвони мустаъфӣ ёд мешавад.
Ин тағйирро вазири корҳои хориҷии ИМА Блинкен низ тадиқ карда, дар навиштаи твиттерияш аз ӯ бинобар хидматҳояш изҳори ташаккур кардааст.
Оқои Блинкен дар Твиттер навишт, Томас Уэст, ки қаблан муовини Халилзод буд, намояндаи вижаи Амрико дар Афғонистон таъйин шудааст.
Шабакаи телевизионии амрикоии CNN ахиран эълон кард, ки ин тасмим чанд рӯз пеш гирифта шудааст.
Гуфат мешавад, Халилзод мебоист моҳи май аз ин мақомаш равад, аммо сипас розӣ шуд, ки то ин муддат дар мақомаш бимонад.
Томас Уэст масъули сиёсати Афғонистон дар даврони гузор, баъди интихоботи раёсатҷумҳурии ИМА буд ва дар тӯли чанд моҳ бо Халилзод ҳамкории наздик дошт.