ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Никита Мендкович, сиёсатшиноси рус ва коршиноси Маркази омӯзиши Афғонистони муосир қайд кард, ки истеъфои намояндаи вижаи ИМА дар Афғонистон Залмай Халилзод эътирофи шикасти сиёсати Амрико аст.
Коршинос дар муколама бо РИА "Новости" қайд кард, ки сиёсати нодуруст дар минтақа боиси коҳиши эътибори ИМА шуд.
"Кишварҳои дигар, аз қабили Русия ва Чин ҳадаф қарор мегиранд, ки акнун пас аз нокомии Иёлоти Муттаҳида бояд мушкилоти минтақаро худашон ҳал кунанд", - гуфт Мендкович.
Вай афзуд, ки амнияти минтақаӣ ҳоло бештар аз Федератсияи Русия ва Чин вобаста аст.
"Ҳар як генерал бо аз даст додани мавқеяш, менишинад ва хотираҳояшро менависад. Ду жанри ёддошт вуҷуд дорад: чӣ гуна ман дар ҷанг ғалаба кардам ё чӣ гуна ба ман иҷозат надоданд, ки дар ҷанг пирӯз шавам. Фикр мекунам, ки дар мавриди Халилзод, гузинаи дуюмаш рост хоҳад омад", - бо киноя хулоса кард сиёсатшинос.
Мендкович ҳамчунин изҳори умедворӣ кард, ки пас аз нокомии мушобеҳ дар Афғонистон, Иёлоти Муттаҳида дар робита ба сиёсати хориҷии худ аз ин хулоса барорад.
Ёдовар мешавем, 18 октябр котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен эълом дошт, ки Халилзод аз мақомаш меравад, ин вазифа ба Томас Уест хоҳад гузашт, ки муовини ӯ буд.
Халилзод дар шарҳи истеъфояш гуфт, ҳоло вақти муносиб барои рафтан аст, чун Вашингтон марҳилаи нави сиёсати худро нисбати Кобул оғоз мекунад.