ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik. Муовини сарвазири Федератсияи Русия Татяна Голикова пешниҳод кард, ки аз 23 октябр дар баъзе аз минтақаҳои Русия рӯзҳои ғайрикорӣ муқаррар карда шавад.
Дар робита ба ин Голикова пешниҳод кард, ки чунин иқдом ба хотири пешгирӣ аз густариши вируси корона дар кишвар ба президенти Русия Владимир Путин ироа шавад.
Вай инчунин тавсия дод, дар ин минтақаҳо аз нафақахӯроне, ки ҷое фаъолият намекунанд, даъват шавад, то хонанишинӣ кунанд.
Илова бар ин Голикова аз корфармоён даъват мекунад, ки барои гирифтани ваксина бар зидди коронавирус ба кормандонаш ду рӯзи истироҳат диҳанд.
Муовини сарвазири Русия ҳамчунин пешниҳод кард, ки пас аз 7 ноябр корхонаҳо бо ҳолати одии корӣ баргарданд.