Бозии дӯстонаи тими олимпии Тоҷикистон ва Индонезия бидуни мухлис баргузор мешавад

Дидори мазкур як марҳилаи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 мебошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе 19 октябр тимҳои олимпии Тоҷикистон ва Индонезия вориди майдони футбол мешавад. Бинобар иттилои ТВ "Варзиш", ин бозӣ дӯстона хоҳад буд.
Манбаъ менависад, бо дархости ситоди мураббиёни тими олимпии Индонезия вохӯрӣ бидуни мухлис баргузор шуда, сабти телевизионӣ низ пешбинӣ нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки дидори мазкур як марҳилаи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 мебошад.
Тоҷикистон мизбони бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2022 мешавад
Тими олимпии Тоҷикистон дар мусобиқаи Ҷоми Осиё-2022 дар гурӯҳи "В" бо мунтахабҳои Лубнон, Непал ва Эрон бозӣ мекунад.
Бозии тими олимпии Тоҷикистон бо футболбозони Лубнон рӯзи 25-уми октябр баргузор мегардад. Ҳамзамон футболбозони тоҷик рӯзи 28-уми октябр бо тими Непал ва рӯзи 31-уми октябр бо дастаи Эрон рақобат мекунанд.