Дар Афғонистон кӯдаконро ваксина мезананд

Бунёди кӯдакон мегӯяд, маъракаи моякӯбӣ (ваксиназанӣ) алайҳи фалаҷи атфол дар Афғонистон пас аз музокироти СММ ва "Толибон"*, аз моҳи ноябр оғоз мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. "Толибон"* тасмим гирифт, ки ваксиназании зидди фалаҷи атфол дар Афғонистонро дубора оғоз кунанд, хабар медиҳад котиботи СММ бо истинод ба ЮНИСЕФ.
Тибқи иттилои ин фонд, маъракаи ваксинзании зидди фалаҷи кӯдак дар Афғонистон моҳи ноябр дар пайи музокироти СММ ва "Толибон"*, ки ҳадафи он расонидани кӯмаки тиббӣ ба аҳолии Афғонистон аст, аз сар гирифта мешавад.
Илова бар ин ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ваксинзанӣ алайҳи бемории сурхча ва коронавирус ҳам ба роҳ монда мешавад
Воридоти миллионҳо ваксинаи зидди фалаҷи атфол ба Тоҷикистон
"Ваксинзанӣ аз 8 ноябр шуруъ мешавад ва ҳамаи кӯдаконро дарбар хоҳад гирифт", - омадааст дар хабар.
Зикр гардид, ки моҳи декабр маъракаи дувуми моякӯбӣ алайҳи фалаҷи атфол гузаронда мешавад.
Мувофиқи маълумоти ЮНИСЕФ, Афғонистон метавонад полиомиелитро пурра аз байн барад, зеро имсол дар кишвар танҳо як ҳолати ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон ваксиназанӣ алайҳи бемории фалаҷ анҷом ёфт. Ба ҷумҳурӣ 4 630 миллион воя ваксини индонезии зидди фалаҷи атфол ворид гардида буд.
Бояд гуфт, ки ваксин ба кишвар баъди оне ворид гардид, ки СҶБ дар бораи бурузи бемории фалаҷи атфол дар Тоҷикистон хабар дод. Бино бар изҳороти расмии Вазорати тандурустӣ, ин беморӣ бино бар сари вақт эм нашудани кӯдакон авҷ гирифт.
* гуруҳи мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия