Имзои протокол: Тоҷикистону Ӯзбекистон аломатгузории марзро қисман ҳал карданд

Гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи аломатгузории марзӣ бархе аз ҳуҷҷатгузориро тасдиқ ва аз заминҳои наздисарҳадӣ боздид кардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 окт - Sputnik. Намояндагони Тоҷикистону Ӯзбекистон кори якҳафтаинаро барои аломатгузории марзӣ ба анҷом расониданд, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, ки вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистони Комиссияи муштараки демаркатсионӣ аз 12 то 19 октябр дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд дар баргузор гардидааст, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Баҳси марзӣ: натоиҷи тафтишоти Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон чӣ шуд?
Дар ҷараёни музокирот корҳои аломатгузорӣ дар хатти сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баррасӣ гардиданд.
"Зимни вохӯрӣ ҳуҷҷатгузории техникии демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Узбекистон тасдиқ карда шуд", - омадааст дар хабарнома.
Ҳамчунин дар доираи вохӯрӣ сафари муштараки саҳроӣ ба минтақаҳои алоҳидаи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон сурат гирифта, дар хусолаи вохӯрӣ протокол ба имзо расид.
Поёни нишасти якҳафтаӣ: Тоҷикистону Ӯзбекистон аломатгузории марзро баррасӣ карданд
Манбаъ афзуда, ки вохӯрии навбатии гурӯҳи корӣ моҳи ноябри имсол дар Ӯзбекистон ба нақша гирифта шудааст.