ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Кормандони милиса дар ноҳияи Зафаробод як сокин деҳоти Равшанро дастгир намуданд, ки дар қатли ҳамдеҳаи худ гумонбар дониста мешавад.
Дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ҳодиса дар манзили истиқоматии гумонбаршуда сурат гирифтааст.
Зикр мегардад, ки марди муттаҳам дар ҳолати мастӣ бо ҳамдеҳаи худ, марди 35-сола вориди муноқиша шуда, охиронро се маротиба бо корд задааст.
Манбаъ меафзояд, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Дар ҳамин ҳол ВУД Тоҷикистон мегӯяд, нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 110, қисми 3, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.