Қаҳрамони Тоҷикистон дар риштаи футбол миёни бонувон маълум шуд

Федератсияи футболи Тоҷикистон аз ҷамъбасти қаҳрамонии ҷумҳурӣ дар риштаи футбол миёни бонувон хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Бонувони футболбози "Хатлон" дар варзишгоҳи "Пахтакор" бар дастаи футболи занонаи "Ҳосилот"-и ноҳияи Фархор бо ҳисоби 9:0 пирӯз шуда, қаҳрамони Тоҷикистон шуд.
Дар маросими ҷоизасупорӣ, ки дар варзишгоҳи "Пахтакор"-и шаҳри Бохтар баргузор шуд, ба тими "Хатлон" медали тилою Ҷоми чемпионат тақдим гардид.
Ба иттилои Федератсияи футбол зинаҳои дуюм ва сеюмро дастаҳои футболи бонувони "Зебоннисо"-и шаҳри Душанбе ва "Суғд"-и вилояти Суғд ишғол намуданд.
Иштирокчиёни даври нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон - 2021 муайян шуданд
Дар ин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дарвозабони беҳтарин Адолатхон Комилова аз дастаи бонувони "Хатлон"-и шаҳри Бохтар дониста шудааст.
"Нишонзани беҳтарин Лайлӣ Ҳалимова аз дастаи "Хатлон", бозингари беҳтарин Марҷона Саидова аз дастаи "Зебонисо"-и шаҳри Душанбе ва мураббии беҳтарин Қурбонгул Қурбонова аз дастаи "Хатлон"-и шаҳри Бохтар эълон шуданд", - омадааст дар иттилоия.
Маросими ҷоизасупорӣ ба чемпионҳо ва қадрдонӣ аз беҳтаринҳо бо иштироки мақомдорони ФФТ, мақомоти кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон баргузор гардидаст.