Чӣ гуна бо мавод дар шабакаҳои иҷтимоӣ бояд кор карду онро рушд дод? Чӣ тавр дар медиаҳои нав дар марҳилаи рақамӣ бояд фаъолият намуд?
Дар ин бора рӯзноманигорони "Россия сегодня", RT ва "Ruptly" бо ҳамкорони русзабонашон, ки дар хориҷ фаъолият доранду барои чанд рӯз ба Маскав омаданд, табодули назар намуданд.
Онҳо барои иштирок дар Анҷумани ҷаҳонии ҳамватанон дар пойтахти Русия ҷамъ омаданд, то аз мушкилот дар хориҷ ва роҳҳои ҳимоя аз манофеашон суҳбат кунанд. Меҳмонон дар давоми модули "SputnikPro" чӣ донишҳои навро гирифтанд, метавонед аз навори сафҳа тамошо кунед.
Ин чорабинӣ дар доираи VII Конгресси ҷаҳонии ҳамватанон баргузор шуд, ки аз ҷониби Вазорати умури хориҷии Русия гузаронда мешавад. Ҳадафи ин чорабинӣ дастгирии ҳамватанон дар хориҷ аз кишвар мебошад.