ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Шӯрои иҷроияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) принсипҳои системаи интихобиро барои Олимпиадаи Порис-2024 тасдиқ намудаст, хабар дод Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки ҳар як варзишгар пас аз пешниҳоди ҳар як Кумитаи миллии олимпӣ бо тавсияи федератсияи миллии дахлдор мавриди интихоби ниҳоӣ қарор мегирад.Таъкид шудааст, ки системаҳои интихобии федератсияҳои байналмилалӣ бояд ба принсипҳои интихобии олимпӣ, ки аз ҷониби КБО нашр шуд, мувофиқ бошанд.
Муқаррар шудааст, ик шароити одилона ва баробар барои ҳамаи варзишгарон ва дастаҳо бояд дастрас бошаду иштироки беҳтарин варзишгарони ҷаҳон дар Бозиҳои олимпӣ таъмин гардад.
Муқаррар шудааст, ик шароити одилона ва баробар барои ҳамаи варзишгарон ва дастаҳо бояд дастрас бошаду иштироки беҳтарин варзишгарони ҷаҳон дар Бозиҳои олимпӣ таъмин гардад.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки дар тамоми намудҳои варзиш, тибқи системаҳои интихобӣ, иштироки ҳамаи 206 КМО-ро бо ҳадди ақал як мард ва як зан дар ҳайати худ дар Порис-2024 таъмин намоянд.
Инчунин муқаррар шудааст, ки давраи интихобӣ барои ягон намуди варзиш набояд аз 24 моҳ зиёд бошад ва ҳамаи мусобиқаҳои интихобӣ бояд на дертар аз 23 июни соли 2024 хотима ёбанд.
Баробарии гендерӣ ва иштироки ҷавонон дар маркази барномаи варзишии олимпии Порис-2024 қарор дорад ва иштироки варзишгарон тақрибан 50% мардону занонро ташкил медиҳад.
Баробарии гендерӣ ва иштироки ҷавонон дар маркази барномаи варзишии олимпии Порис-2024 қарор дорад ва иштироки варзишгарон тақрибан 50% мардону занонро ташкил медиҳад.