"Толибон"* иддаои Путинро рад кард

"Толибон"* мегӯяд, имкони интиқол ёфтани ҷангиёни ДОИШ* ба Афғонистон вуҷуд надорад, зеро назорати ин кишвар пурра ба дасти онҳост
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Муовини сухангӯи "Толибон"* иддаои кишвардори Русия Владимир Путинро рад кард, ки гуфта буд, ба Афғонистон ҷангиёни ДОИШ* аз Ховари Миёна ворид мешаванд.
Дар ин робита Билол Каримӣ, муовини сухангӯи "Толибон"* изҳор доштааст, ки интиқоли ДОИШ* аз Ховари Миёна ба Афғонистон имконнопазир аст.
"Барои гурӯҳи террористии ДОИШ* интиқоли ҷангиён аз Ховари Миёна ба Афғонистон имконнопазир аст. Зеро сафар аз ин кишварҳо ба Афғонистон хеле дешвор аст ва эҳтимоли он вуҷуд надорад, ки онҳо тавонанд ин сафарро анҷом диҳанд", - тавзеҳ додааст ӯ.
Ба таъкиди ӯ, "Толибон"* тамоми Афғонистонро идора мекунанд ва ҳеҷ нуқтае таҳти назорати ягон гурӯҳи дигар мавҷуд нест.
Сухангӯи "Толибон"* ҳамчунин қайд кард, ки ДОИШ* дар миёни мардуми афғон ҷойе надорад ва нерӯҳои "Толибон"* метавонанд фаъолиятҳои ДОИШ*-ро хунсо кунанд.
Ҷанги Андаробҳо: кушта шудани ду фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимат ва як толиб
Ёдовар мешавем, ки Владимир Путин ҳафтаи гузашта дар як конфронси видеоӣ бо раҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гуфт, ҷангҷӯён аз Ироқу Сурия бо таҷрибаи низомӣ фаъолона вориди Афғонистон мешаванд.
Вай ҳамчунин гуфт, ки ин террористон метавонанд барои ба эътидол овардани вазъ дар кишварҳои ҳамсоя талош кунанд.
*-гурӯҳҳои мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия