ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik.Сухангӯи раисҷумҳури Русия мегӯяд, шубҳае нест, ки Владимир Путин дубора ваксина алайҳи коронавирусро хоҳад гирифт.
Ӯ таъкид намуд, ки вақти ваксинагирии дубора аз маслиҳати мутахассисон вобаста, чун феълан нишондоди антителаҳо дар бадани Владимир Путин баланд аст.
"Дар ин ҷо гап сари маслиҳати мутахассисон аст. Президент борҳо гуфт, сатҳи баланди антителаҳо дорад ва фикр мекунам, маҳз бо назардошти сатҳи антителаҳо ва тавсияи табибон ӯ тасмим хоҳад гирифт", - изҳор дошт Песков зимни суҳбат бо Павел Зарубин, дар барномаи "Маскав, Кремл, Путин" тариқи шабакаи телевизионии "Россия".
Владимир Путин нимаи моҳи сентябр гуфт, ба далели иртибот бо гирифторони коронавирус ба карантина меравад ва ба ҳамин сабаб сафарашро ба Душанбе лағв кард.
Ӯ тавзеҳ дод, бархе аз атрофиёнаш, ки дар гирифтани ваксинаи дуюм таъхир кардаанд, гирифтори коронавирус шудаанд.
Дар мавриди худ, Путин изҳор дошт, ки сатҳи антителаҳо дар баданаш баланд мебошад, аммо бовуҷуд барои зери хатар қарор надодани атрофиёнаш ба қарантин меравад.