Расонаҳо: Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Карзай ба Маскав даъват шудаанд

Русия теъдоди даъватшудагон ба ҳамоиш дар масъалаи Афғонистон дар Маскавро афзоиш дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Русия ба ҷаласаи Маскав дар мавриди Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои мусолиҳаи миллӣ ва раисҷумҳури асбақ, Ҳомид Карзайро даъват кард, хабар дод Sputnik Афғонистон бо такя ба шабакаи телевизионии "Tolo News".
Ҷониби Русия то ҳол ин иттилоъро шарҳ надодааст.
Маврид ба зикр аст, ки мулоқоти Маскав дар мавзӯи Афғонистон 20 октябр дар назар аст.
Созиши "Толибон"* ва Ӯзбекистон барои ташкили гуруҳҳои муштараки корӣ
Ба ин ҳамоиш инчунин намояндагони "Толибон"*, ки ҳукумат дар Афғонистонро ғасб кардаанд, даъват гардидаанд.
Замир Кобулов, фиристодаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон гуфт, Маскав нияти пешниҳоди эродҳояш ба "Толибон"* ва баррасии роҳҳои ҳалли онро дорад.
Дипломат таъкид намуд, ки Маскав аз ин мулоқот натиҷаҳои куллиеро интизор надорад.

"Ин як раванди тӯлонист ва мо инро дарк мекунем. Ин ҷо масъалаи ҳуқуқи башар ва масоили гуманитарию роҳҳои ҳалли он дар миён гузошта хоҳанд шуд", - таъкид намуд Кобулов.

Феълан ИМА иштирокашро дар Маскав таъйид накардааст. "Толибон"* сафарашонро ба Маскав тасдиқ намуд.
Ҳайати "Толибон"*-ро ноиби раиси ҳукумати "Толибон"* Абдусалом Ҳанафӣ роҳбарӣ хоҳад кард.
* - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар