Тоҷикистон аз рӯи ҳаҷми интиқоли маболиғи муҳоҷирон ба сегонаи аввал дохил шуд

Интиқоли инфиродӣ аз Русия ба ИДМ дар семоҳаи II, аз охири соли гузашта то кунун ба ҳадди аксар расид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Интиқоли инфиродӣ аз Русия ба кишварҳои ИДМ дар семоҳаи дувум ба таври рекордӣ афзуд ва аз 3 миллиард доллар гузашт, хабар медиҳад РИА "Новости" бо такя ба маълумоти Бонки марказии Русия.
Нишондоди аз ин бештар, авохири семоҳаи сеюми соли гузашта ба қайд гирифта шуд. Он замон аз Русия ба давлатҳои ИДМ маблағи интиқоли инфиродӣ 3,2 миллиард долларро ташкил кард.
Ин шохис дар семоҳаи чаҳорум (2,9 миллиард доллар) ва семоҳаи аввали соли равон (2,4 миллиард доллар) буд ва рекорди 3-миллиардиро шикаста натавонист.
Номзад ба мақоми президенти Ӯзбекистон хостори роҳандозии андози нав барои муҳоҷирон шуд
Се кишвари пешсаф аз рӯи дарёфти маболиғ - Ӯзбекистон (1,2 миллиард доллар), Қирғизистон (600 миллион) ва Тоҷикистон (412 миллион) ҳастанд.
Интиқоли инфиродӣ аз кишварҳои ИДМ ба Русия дар семоҳаи дувум низ динамикаи мусбатро нишон дод - 541 миллион доллар дар қиёс бо 396 миллион доллари соли 2020.
Бештар аз Қазоқистон (219 миллион доллар), Ӯзбекистон (72 миллион доллар) ва Қирғизистон (56 миллион доллар) пул интиқол дода шудааст.
Коршинос сабаби асосии ихроҷи муҳоҷирон аз Русияро гуфт
Пештар хабар дода шуд, ки аз аввали январи соли ҷорӣ то кунун муҳоҷирони кории Тоҷикистон ба ватанашон ҳудуди 755 миллион доллар интиқол додаанд.
Маблағи миёнаи интиқоли пул ба Тоҷикистон дар семоҳаи аввал 139 доллар буда, квартали дувум он афзоиш ёфту ба 154 доллар расид.