ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Аз вилояти Самара ба Душанбе шаш мошини зиреҳпӯш оварда шуд, то дар минтақаи кӯҳии биёбон, дар машқгоҳи Момирак дар тамрин истифода шаванд, хабар медиҳад, дафтари матбуоти Ҳавзаи марказии ҳарбӣ.
Таҷҳизотро ҳавопаймои вазнини нақлиётии Ан-124 -и Қувваҳои ҳавопаймоии Русия овардааст.
Ҳангоми машқҳои муштараки Нерӯҳои дастаҷамъии вокуниши сареи СААД "Ҷустуҷӯ - 2021" гурӯҳҳои иктишофӣ дар ин мошинҳои зиреҳпӯш дар минтақаи биёбони кӯҳӣ амалиёти ҷустуҷӯиро мегузаронанд.
Дар роҳҳои эҳтимолии ҳаракати қисмҳои созмони террористӣ каминҳо коркард карда мешаванд, инчунин харбиён вазифаҳои дигари тайёрии ҷангиро иҷро мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки дар наздикии марзи Тоҷикистону Афғонистон се тамриноти муштараки низомиёни кишварҳои СААД ба нақша гирифта шудааст: "Ҳамкорӣ", "Ҷустуҷӯ" ва "Эшелон".
Ба онҳо беш аз 2,7 ҳазор низомӣ ва беш аз 500 адад техникаи ҳарбӣ ҷалб мешаванд. Он аз 22 то 23 октябр баргузор мешавад.
Қаблан маълум шуд, ки Русия пойгоҳи низомии 201 дар Тоҷикистонро бо мошинҳои нави зиреҳпӯши "Патрул" ва мошинҳои нигоҳбонии "Есаул", ки дар асоси "ҷип"-ҳои "Патриот" сохта шудаанд, тақвият мебахшад.
Дар гузашта Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия гуфта буд, ки бо назардошти вазъи ташвишовар дар Афғонистон машқҳои муштараки Русия, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон то даме ки лозим аст, идома хоҳанд ёфт.