ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Корхонаҳои Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии сармоягузории "Душанбе -Инвест - 2021" ба маблағи тақрибан 450 миллион доллар қарордод имзо карданд, хабар медиҳад РИА "Новости" бо истинод ба дафтари матбуотии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ.
"Ҳаҷми 11 санади нав, ки дар чаҳорчӯби Форуми байналмилалии сармоягузории "Душанбе -Инвест - 2021", ки дар пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд, ба имзо расид, тақрибан 450 миллион доллар (5 миллиард сомонӣ)-ро ташкил медиҳад", - омадааст дар хабар.
Қайд карда мешавад, ки ҳуҷҷатҳои дар рафти форум имзошуда таъсиси корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои нассоҷиву фармасевтӣ, парвариши растаниҳои шифобахш, энергетика, маориф ва технологияҳои инноватсиониро пешбинӣ мекунанд.
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ зимни суханронӣ дар форум гуфт, ки ин чорабинӣ бо мақсади ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди кишвар ва инчунин таҳкими рушди иқтисодии ҷумҳурӣ баргузор шуд.
"Форум ба беҳбуди минбаъдаи фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, рушди тиҷорат, таҳкими ҳамкории соҳибкорону сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтисоди кишвар равона шудааст", - гуфт ӯ.
Дар рафти ҳамоиш намояндагони ҳукумати Тоҷикистон имкониятҳои сармоягузории ҷумҳуриро дар соҳаҳои мухталифи иқтисод, сармоягузорони эҳтимолиро бо сиёсати давлатӣ дар соҳаи сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, тадбирҳои ба нақша гирифташуда оид ба рушди инноватсияҳо дар иқтисоди миллӣ, такмил вазъи соҳибкорӣ ва фазои сармоягузорӣ ва ҳавасмандкуниҳо барои сармоягузорон ошно карданд.
Дар форум тақрибан 400 меҳмон аз кишварҳои хориҷӣ, сармоягузорон, соҳибкорон ва шарикони рушд ширкат варзиданд, ки дар доираи он Намоишгоҳи байналмилалии тиҷоратӣ ва саноатии "Тоҷикистон-2021" баргузор шуд.