ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Русия аз бемории коронавирус дастикам 1002 нафар фавтид, ки аз замони авҷи беморӣ ин баландтарин нишондоди марг ҳисобида мешавад.
Ситоди фаврии мубориза алайҳи коронавирус дар Русия бо нашри охирин омори маргумир қайд намуд, ки дар 24 соати ахир дар пойтахт 72 кас, дар шаҳри Санкт-Петербург 67 нафар ва дар Краснодар 41 тан ҷон бохтанд.
Ба ҳамин минвол шумораи умумии қурбониёни коронавирус дар Русия ба 222 3155 нафар расид.
Маврид ба зикр аст, ки дар чандин рӯзи охир ҳолатҳои нави сироятшавӣ дар қаламрави Русия рӯ ба афзоиш ниҳодааст, вале нишондодҳои рӯзи гузашта рекордӣ шуданд.
Шабонарӯзи гузашта 33 208 мавриди нави мубталошавӣ ба коронавирус сабт гардид. Аз ҷумла дар шаҳри Маскав 6 545 нафар тоза гирифтори ин дард гардидаанд.
Манбаъ меафзояд, аз замони оғози ҳамагирии вируси корона то кунун дар Русия 7 958 384 нафар гирифтори вируси COVID-19 шудаанд.
Аз ин шумор 6 981 907 шифо ёфтааст.