ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Ҳавошиносони Тоҷикистон пешгӯӣ кардаанд, ки 16 октябр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.
Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0-5 ва рӯзона 17-22 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 8-13 дараҷа сард ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад, хабар медиҳад Ожонсии ҳавошиносӣ.
Манбаъ афзуд, ҳаво дар вилояти Суғд камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-18 ва рӯзона 18-23 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳистонӣ ҳаво шабона 4-1, рӯзона 13-18 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавои вилояти Хатлон камабри бебориш гузориш шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Давои ҳаво дар водиҳо шабона 5-10 ва рӯзона 21-26 дараҷа аст. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 4-9 ва рӯзона 17-22 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 ва рӯзона 21-26 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳистонӣ ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 18-23 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 5-7 ва рӯзона 23-25 дараҷа гарм мешавад.