Ҳаракати автобусҳо миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз сар гирифта мешавад

Нахустин автобус дар хатсайри Хуҷанд - Тошканд баъди ду рӯз ба сафар мебарояд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Хатсайри автобус байни шаҳрҳои Хуҷанд ва Тошканд аз 18 октябр фаъол мешавад.
Дар бораи аз сар гирифтани ҳаракати автобусҳо миёни ду кишвар "Asian Express" дар саҳифаи худ дар "Facebook" хабар додааст.
Ҳамин тариқ нахустин автобуси мусофирбар рӯзи душанбе - 18 октябр аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ба роҳ мебарояд.
Чипта барои сафари яктарафа 100 сомонӣ арзиш дорад. Рафтуомади автобусҳо ҳарруза хоҳад буд.
Миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон хатсайри нави автобусҳо боз мешавад
Мусофирон аз автобусҳои дуошёнаи бароҳат истифода менамоянд.
Тибқи ҷадвал, автобус соати 8-и субҳ аз Хуҷанд ҳаракат мекунад ва соати 18:00 аз Тошканд бармегардад.
Феълан, ҳаракати автобусҳо танҳо як бор дар як рӯз эълон шудааст, аммо ба наздикӣ ширкат боз 2-3 хатсайри ҳаррӯзаро ба роҳ хоҳад монд.
Ёдовар мешавем, ки ҳангоми убури сарҳад шаҳрвандон бояд бо худ шаҳодатномаи эмгузаронӣ бар зидди COVID-19 ё натиҷаи манфии санҷиши тестро пешниҳод кунанд.
Қаблан раҳбари Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ваъда дода буд, ки автобусҳои транзитӣ байни вилояти Сирдарё ва Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.