Содирот ба 16 кишвар: афзоиши ҳаҷму номгӯ ва содироти маҳсулот аз Хуҷанд

Ҳукумати шаҳри Хуҷанд аз афзоиши номгӯ ва содироти маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Қаблан хабар дода шуд, ки теъдоди корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд ва истеҳсолот коҳиш ёфтааст.
Маъмури Юсуфзод, сухангӯи ҳукумати шаҳри Хуҷанд ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, маҳсулоти саноатӣ, ба шумули истеҳсол ва фурӯши обу барқ ба маблағи 985,8 миллион сомонӣ истеҳсол карда шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,2 миллион сомонӣ бештар аст.
“Аз ин миқдор ба маблағи 249,1 миллион сомонӣ маҳсулот ба хориҷи кишвар содирот карда шудааст, ки он нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 126,0 фоизро ташкил дода, барои рушди иқтидори содиротии шаҳр заминаи устувор мегузорад”, - гуфт Маъмури Юсуфзод.
Таъсири коронавирус ё рақобати носолим? Дар Хуҷанд 19 корхонаи саноатӣ аз кор монд
Ба гуфтаи ӯ, дар ин давра 15 корхонаи нави калону миёнаи истеҳсолии пурра бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳазгардида ба кор даромаданд. Таъкид шуд, ки шумораи умумии корхонаҳои саноатии шаҳр ба 179 адад расид, ки танҳо аз ҳисоби ин корхонаҳои нав ба маблағи зиёда аз 19 миллилон сомонӣ маҳсулот истеҳсол ва 164 шаҳрванд бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуд.
"Ҳудуди 71 адад корхонаи хурду калон маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба маблағи 410,8 млн. сомонӣ истеҳсол карданд, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 97,8 млн. сомонӣ ё 31,2 фоиз бештар аст”, - гуфт сухангӯи ҳукумати шаҳри Хуҷанд.
Вай гуфт, дар ин давра номгӯи маҳсулоти асосии истеҳсолшаванда низ 26 намуд зиёд шуда, ба 130-то расид ва аз онҳо истеҳсоли 87 намуд нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёда аз 100,0 фоиз таъмин шуд.
Тоҷикистон ва Туркия гардиши молро ба як миллиард доллар мерасонанд
“Маҳсулоти саноатии истеҳсолшаванда асосан аз ашёи хоми маҳаллӣ истеҳсол гардида, ба 16 давлати хориҷӣ, қабл аз ҳама Иттиҳоди Давлатҳои Муштарак-ул-манофеъ содир карда мешавад.
“Онҳо маргарин, ранг ва қумпардозии минералӣ, меваи хушк, либоси варзишӣ, либоси ҳарбӣ, ноқилҳои электрикӣ ва дару тирезаҳои муосирро шомил мешаванд”, - гуфт Маъмури Юсуфзод.
Хуҷанд, маркази вилояти Суғд яке шаҳрҳои саноатии Тоҷикистон буда, ҳудуди 50 дарсади маҳсулоти саноати вилоятро тавлид мекунад. Дар навбати худ вилояти Суғд 40%-и маҳсулоти саноатии Тоҷикистон истеҳсол мекунад.