Роҳкиро дар Душанбе гарон шуд: шарҳи мақомот

Аз 10 ноябри соли равон сокинон дигар наметавонанд бо қимати қаблӣ аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода кунанд.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 окт – Sputnik. Қимати хидматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе гарон шуд
Афзоиши роҳкиро дар пойтахт бар асоси хулосаи шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар пойтахт, муроҷиати корхонаҳои коммуналии нақлиётӣ ва ширкату ҷамъиятҳои мусофирбарӣ, тибқи фармоиши Муассисаи давлатии коммуналии "Душанбенақлиётхадамотрасон" сурат гирифтааст, хабар медиҳад "Ховар" бо истинод ба шаҳрдорӣ.
Ба иттилои манбаъ, аз 10 ноябри соли равон шаҳрвандон дигар наметавонанд бо қимати қаблӣ аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода кунанд.
Тибқи қарори нав, роҳкиро дар хатсайрҳои шаҳри Душанбе барои як мусофир ба таври ғайринақдӣ барои истифода аз автобусҳо 1,80, аз тариқи кортҳои якбормасраф 2,80, троллейбусҳо ба таври ғайринақдӣ 1,50 ва аз тариқи кортҳои якбормасраф 2 сомонӣ муқаррар шудааст.
Барои микроавтобусҳо 2,50 ва барои истифодаи таксӣ дар як километр 3,00 сомонӣ муқаррар гардидааст.
Таъсири нархи сӯзишворӣ: дар Суғд роҳкиро 25 % баланд шуд
Корхонаи "Душанбенақлиётхадамотрасон" мақсади афзоиши роҳкироро "пурра қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти аҳолӣ бо хидматрасонии нақлиётӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва дар ин замина муътадил гардонидани вазъи молиявии корхонаҳо ва ширкатҳои нақлиётӣ" арзёбӣ кардааст.
Ин корхона гуфтааст, аз соли 2011, давоми 10 сол мизони роҳкирои хатсайрҳои автобус ва микроавтобус бетағйир монд. Танҳо дар хатсайрҳои троллейбус давоми 10 сол як маротиба афзоиши роҳкиро аз 0,70 дирам то 1,00 сомонӣ амалӣ гардид.
Ёдовар мешавем, қаблан роҳкиро дар автобусҳо барои як мусофир 1,20, троллейбус 0,70 ва микроавтобус 1,60 сомонӣ буд.
Афзоиши нархи бензин дар Тоҷикистон ҳама рекордҳоро шикаст
Корхона ҳамзамон бо шарҳи болобарии роҳкиро гуфтааст, гаронии сӯзишворӣ, барқ, андоз ва афзоиши маоши кормандон, ки дар пайи он корхона ва ширкатҳои мусофирбарии нақлиётӣ хароҷоти худро рӯйпӯш карда наметавонанд ва боиси қарздории онҳо гардида истодааст, мунҷар ба тасмимгирӣ дар бораи афзоиши роҳкиро шудааст.
Ҳарчанд корхонаҳои коммуналии нақлиётӣ ҷиҳати муътадил гардонидани вазъи молиашон мунтазам тайи солҳои охир аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи имконияти ҷойдошта маблағгузорӣ карда мешаванд, вале ин кифоят намекард, бинобар ин зарурати тағйир додани роҳкиро ба миён омадааст, гуфтааст "Душанбенақлиётхадамотрасон".