ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Рӯзҳои истироҳат дар Тоҷикистон аз гармтарин рӯзҳои моҳи октябр хоҳад буд. Ҳарорати ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад, хабар медиҳад Ожонсии ҳавошиносии кишвар.
Ҳавои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ камабр, вале бебориш намешавад. Шабона ҳарорати ҳаво 5-7 гарм, рӯзона + 23 °C мешавад.
Дар ноҳияҳои кӯҳии НТҶ шабона аз -1 то - 4 ° C, рӯзона + 21 ° C пешгӯӣ шудааст.
Ҳавои шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғд низ муътадил аст. Бориш дар назар нест - рӯзона аз +21 то + 23 ° C ва шабона + 5 то +7 °C гуфта мешавад. Дар кӯҳҳо то 1 ° С сардӣ пешбинӣ мешавад.
Дар вилояти Хатлон рӯзона ҳаво дар водиҳо то + 27 ° C ва шабона аз 6 то 11 дараҷа гарм мешавад. Ҳаво офтобӣ ва хушк хоҳад буд. Дар доманакӯҳҳо ҳаво 5 дараҷа сардтар пешбинӣ шудааст.
Агар рӯзи шанбе, 16 октябр ҳавои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон то + 19 °C ва абрӣ бошад, рӯзи якшанбе бориш сар мешавад. Дар водиҳо ҳаво шабона 3-5 , рӯзона 20-22 гарм мешавад.
Дар ноҳияи Мурғоб барфи тар меборад, боди сабук мевазад, шабона -4 ...- 6 ° C ва рӯзона + 8-10 ° C мешавад, аммо дар шарқи ВМКБ, дар баъзе ҷойҳо шабона, -13 °C ва рӯзона аз 5 дараҷа гарм мешавад.