Русия

Деҳоти тоҷикии Русия - видео аз меҳмонии муҳоҷирон

Сафҳаи ютубии "Урюк и клюква" гузорише дар мавриди деҳоти тоҷикнишини Русия таҳия кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Гузориш зери унвони "Деҳоти тоҷикӣ дар Русия" нашр шуда, муаллифон суол гузоштаанд, ки деҳоти Русия ба кӣ даркоранд.
Муаллифон мегӯянд, дар ҳоле ки теъдоди аҳолӣ дар деҳоти Русия майл ба камшавӣ ниҳодааст, бисёре аз муҳоҷирон, аз ҷумла аз Тоҷикистон ин ҷойҳоро ҳамчун макони иқомати худ интихоб кардаанд.
Таъкид шудааст, ки агар бархе муҳоҷирон хонаҳое харида, худро дар қайд мегузоранду баъд ба шаҳрҳо мераванд, бархе дигар дар ин деҳот ба эҳёи фаъолияти коргоҳҳои харобшуда иқдом менамоянду гурӯҳи дигар ба кишоварзию чорводорӣ машғул мешаванд. Аз ҷумла муаллифон меҳмони оилаҳои тоҷике шудаанд, ки деҳоти Русияро макони иқомати худ қарор додаанд.
Бисёре аз сокинони бумӣ мегӯянд, бо ҳамсояҳои тоҷикашон мушкиле надоранд. Дар гузориш омадааст, ки зуҳури ксенофобия ё худ бегонабезорӣ метавонад монеи омезиши иҷтимоию фарҳангии тоҷикон дар Русия гардад, чун вақте муҳоҷирон муносибати бади сокинони бумиро бинанд, канорагирӣ хоҳанд карду омезишу ҳамгироӣ бо одоту фарҳанги маҳаллӣ ба кундӣ сурат хоҳад гирифт.