ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафараш ба Фаронса бо раиси сенати ин кишвар Жерар Ларше масоили ҳамкориҳои сиёсӣ ва робитаҳои байнипарлумониро баррасӣ кардаанд, хабар медиҳад котиботи раисҷумҳури кишвар.
Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот Фаронсаро шарики боэътимод ва ҷойгоҳи онро дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон муҳиму афзалиятнок маънидод намудааст.
Ҷонибҳо аз сатҳи имрӯзаи ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ карда, барои рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва равобити барои ду кишвар судманд омодагии худро иброз доштанд.
Таъкид гардидааст, ки дар муносиботи ду кишвар ҳамкории байнипарлумонӣ мавқеи хос дошта, Тоҷикистон барои омӯзиши системаи пешрафтаи меъёрҳои парлумонӣ ва ҳуқуқии Фаронса омода аст.
Раҳмон ва Ларше бахшҳои ояндадори ҳамкориҳоро баррасӣ намуда, ҷониби Тоҷикистон идомаи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории муштарак бо истифодаи таҷрибаи бойи Фаронса ва истифодаи имкониятҳои ширкатҳои фаронсавиро зарур шумурдааст.
Дар мулоқот таъмини кадрҳои баландихтисос дар бахшҳои иқтисоди миллии Тоҷикистон, ҷудо кардани квотаҳо барои таҳсили шаҳрвандон дар муассисаҳои олии Фаронса ва таъсиси филиалҳои донишгоҳҳои бонуфузи Фаронса дар Тоҷикистон зарур шумурда шуд.
Масоили Афғонистон дар ин дидор низ дар канор намонд.
Зимни баррасии масоили ҳамкории амниятӣ ҷонибҳо дар робита ба ҳалли қазияи Афғонистон, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои аз байн бурдани мушкилоти башарӣ, дахолати ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид андешаронӣ карданд.
Дар поёни мулоқот Эмомалӣ Раҳмон Жерар Ларшеро ба Тоҷикистон даъват кардааст.