ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин бо Ҳедли Гэмбл, рӯзноманигори телевизиони амрикоии CNBC суҳбат кард. Дар рафти ин мусоҳиба журналист аз сарвари давлат дар бораи раисҷумҳури ояндаи Русия баъди ӯ пурсид.
Путин суҳбат дар бораи президенти нави Русияро номуносиб хонд.
Вай таъкид кард, ки ӯ то ҳол дар ин бора ҳеҷ тасмиме нагирифтааст ва намехоҳад ба суолҳои шабеҳ посух гӯяд.
"То интихоботи навбатӣ ҳанӯз вақти зиёде ҳаст. Гуфтугӯҳо дар ин мавзуъ вазъро ноором мекунанд", - гуфт Путин.
Раҳбари Русия қайд кард, ки вазъ дар кишвар бояд муътадил ва ором бошад.
"То мақомоти ҳукуматӣ, ҳама сохторҳои давлатӣ дилпурона кор мекунанд ва оромона ба оянда нигаранд", - гуфт ӯ.
Муҳлати президентии Владимир Путин соли 2024 ба охир мерасад. Интихоботи раҳбари нави Русия моҳи март баргузор мешавад, аммо маълум нест, ки Путин дар он ширкат хоҳад кард ё на.
Путин аз соли 2000 то 2008 президенти Русия буд, сипас то соли 2012 ба курсии сарвазирии ин кишвар такя зад. Пас аз интихоботи 4 марти соли 2012 Путин бори дигар сарвари давлат шуд.
Ӯ пас аз ислоҳоти қонун, ки маҳдудияти давраии номзадӣ дар интихоботи раёсатҷумҳуриро барояшро лағв кард, имкон дорад, то дар давраи баъдӣ низ ба унвони номзад ба мақоми президентӣ дар Русия ширкат намояд.
Ин пешниҳод аз ҷониби вакили Ҳизби "Русияи воҳид" Валентина Терешкова дар соли 2020 садо дод.