ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Кормандони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон фаъолияти як гурӯҳи бузурги созмонёфтаи фаромиллиро маҳв карданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар Душанбе.
Бино ба иттилоъи манбаъ, ҷинояткорон маводи мухаддирро аз Афғонистон тавассути кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Аврупо интиқол медоданд.
"Гурӯҳи калони ҷиноятии фаромиллӣ фош карда шуд, ки муддати тӯлонӣ бо интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон тавассути кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Аврупо машғул буд, ки аз он тақрибан ним тонна маводи мухаддир мусодира карда шуд ", - гуфта мешавад дар хабар.
Ҳамчунин қайд карда мешавад, тайи ин амалиёт миқдори бузурге аз маводи мухаддир мусодира шуддаст, ки дар панҷ соли ахир бесобиқа будааст.
Гуфта мешавад, аз ин гурӯҳ беш аз 473 кило маводи мухаддир (79 кило ҳероин, 169 кило афюн ва беш аз 225 кило ҳашиш) мусодира шудааст.
"Арзиши маводи мухаддири мусодирашуда дар бозори сиёҳ аз 6 миллион доллар зиёд буда, ин мусодираи бастаи бузургтарин дар панҷ соли охир аст", - гуфт манбаъ.
Кормандони ҳифзи ҳуқуқ шаш мошини гаронбаҳои аъзои ин гурӯҳро бо арзиши умумии тақрибан 158 ҳазор доллар мусодира кардаанд.
Амвол ва корхонаҳои марбут ба раҳбари гурӯҳ, ки арзиши онҳо беш аз 1,6 миллион доллар арзёбӣ мешавад, низ аз тарафи мақомот тасарруф шудаанд.
Дар ҷараёни ин амалиёт, ки чанд моҳ идома дошт, гуфта мешавад, як сокини 45-солаи шаҳри Душанбе бинобар таъсиси шабакаи ҷиноӣ боздошт шуда ва ин шабака шаҳрвандони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон, дар маҷмуъ шаш нафарро шомил мешудааст.
Боз ду узви гурӯҳи ҷиноии қочоқи маводи мухаддир мавриди пайгарди қонунӣ қарор гирифтаанд.
Тоҷикистон бо Афғонистон қариб 1433 километр марзи муштарак дорад, ки қисми зиёди он аз минтақаи душворгузари кӯҳӣ мегузарад ва қочоқбарони маводи мухаддир низ аз ин минтақаҳо истифода мекунанд.