ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи тамдиди иҷозатномаи "Mastercard Europe SA" қарор қабул кард, навиштааст дафтари матбуотии ин ниҳод.
Ҳамин тариқ оператори системаи пардохти "Mastercard" метавонад тӯли панҷ сол дар қаламрави Тоҷикистон фаъолият кунад.
"Қарор дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хидматрасонии пардохт ва системаҳои пардохт" ва "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" қабул шудааст", - хабар доданд аз маркази матбуотии Бонки миллии ҷумҳурӣ.
Ҳамин тариқ иҷозатномае, ки қаблан ба оператор дода шуда буд, бозхонд ва ба маъмурият супориш дода шуд, ки ба Феҳристи операторони низоми пардохт сабти мувофиқ ворид кунад.
Бар асоси ин қарор, аз 12 апрели соли 2018 иҷозатномаи "Mastercard Europe SA" барои оператори низоми пардохт бекор карда шуд ва ба маъмурияти низоми пардохт супориш дода шуд, ки ба Феҳристи операторони низоми пардохт сабти мувофиқ ворид кунад.
"MasterCard Incorporated" як низоми пардохтии байналмилалӣ буда, як корпоратсияи фаромиллӣ мебошад, ки 22 ҳазор муассисаи молиро дар 210 кишвари ҷаҳон муттаҳид мекунад.