ДУШАНБЕ, 13 окт – Sputnik. Созмони австрягие талош дорад, ки зардолуи "Аштак"-и ноҳияи Ашт сертификати мутобиқат ба стандарти бозорҳои аврупоиро соҳиб шавад.
Рафтор Муҳаммадиев, сардори идораи кишоварзии ноҳияи Ашт гуфт, ҳоло коршиносони австрягӣ аз созмони “Hilfswerk Austia International” бо аҳолӣ ва боғдорон суҳбату мулоқот доир намуда истодаанд.
Муҳаммадиев зимни суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон зикр намуд, ки дар гузашта сокининони ноҳия меваи зардолуро аз донак ҷудо карда дохилаш мағз мегузоштанд, ки “Аштак” ном дошт. Он бидуни маводи кимёӣ ва танҳо бо роҳи табиӣ, дар зери нури офтоб хушк карда мешуд.
“Созмоне аз Австрия тасмим дорад, хушкмеваи зардолуи моро бо бренди “Аштак” ба меъёрҳои стандарти бозори ҷаҳонӣ шомил карда, сертификат диҳад. Сертификат имкон медиҳад, ки минбаъд ин мол ба бозорҳои бузурги Аврупо бо ҳамин ном роҳ ёбад", - изҳор дошт Муҳаммадиев.
Ӯ афзуд, ки хушкмеваи зардолуи мағздор ё “Аштак” 2 ё 3%-и маҷмуи ҳосили хушкмеваи зардолуи ноҳияро ташкил медиҳад, аммо ба содирот роҳ наёфта буд.
Боғдорони Ашт мегӯянд, дар ҳоли роҳ ёфтан ба бозорҳои бузург майлу рағбаташон дубора ба парвириши “Аштак” зиёд хоҳад шуд.
Бино ба иттилои дарёфтӣ, созмони австрягӣ ба ҷуз “Аштак” 90 намуд аз маҳсулоти тавлиди Тоҷикистон, аз ҷумла лимуи шаҳри Бохтар ва қурути ноҳияи Мастчоҳро дар барномаи сертификаткунонии худ ҳамроҳ намудааст.
Дар қатори шаҳру ноҳияҳои Исфараву Конибодом ва Бобоҷон Ғафуров, Ашт низ яке аз ноҳияҳои зардолупарвар дар шимолии Тоҷикистон Маҳсуб мешавад, ки даҳҳо гектар боғ дорад ва дар он беш аз 60 намуди зардолу парвариш мешавад. Бар пояи маълумоти идораи кишоварзӣ, боғдорони ин ноҳия солона то 25 ҳазор тонна зардолу ҷамъ мекунанд. Ҳосили бадастомада ба бозорҳои Русия ва Қазоқистон содир мешавад.
Масъулин мегӯянд, ба далели сардиҳо ва омилҳои дигари обуҳавоӣ зардолупарварони Ашт имсол ҳамагӣ 3800 тонна ҳосил гирифтанд.