ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Ҳукумати Русия додани иҷозатномаи истиқомати муваққатӣ ба хориҷиёнро дар соли 2022 ду баробар кам мекунад.
Дар ин бора аз қарори ҳукумат, ки сарвазири кишвар Михаил Мишустин имзо кардааст, маълум аст.
"Соли 2022 барои шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрвандӣ дар Русия 18 955 квота барои додани иҷозаи иқомати муваққатӣ муқаррар карда шавад", - гуфта мешавад дар ҳуҷҷат.
Тибқи фармон, дар соли 2022 ба хориҷиён 18955 иҷозат барои иқомати муваққатӣ дар Русия дода мешавад, дар ҳоле ки соли 2021 ба 39,325 нафар иҷозат дода мешуд.
Қайд карда мешавад, ки шумораи бештари иҷозатномаҳо дар соли 2022 ба Маскав (1,5 ҳазор), вилояти Маскав (1250) ва Санкт-Петербург (600) дода мешавад.
Моҳи июли соли равон Вазорати корҳои дохилии Русия лоиҳаи қонунеро таҳия намуд, ки тибқи он, иҷозатномаи истиқомати муваққатӣ дар Русия бекор шуда, онро як ҳуҷҷати ягонаи электронӣ (ID-card) иваз мекунад.