Таҳти навои суруди миллӣ: Раҳмонро расман кӣ дар Порис пешвоз гирифт?

Ба хотири президенти Тоҷикистон дар Фаронса горди фахрӣ саф кашид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тибқи муқаррароти расмии пазироии меҳмонони олимақом дар саҳни фахрии Маҷмааи Артиши миллии Фаронса, истиқбол гирифта шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, ки барои баргузории ин чорабинӣ, парчамҳои ҳар ду давлат овезон карда шуда, Горди фахрӣ барои истиқболи меҳмони олиқадр саф кашид.
Кишвардори Тоҷикистонро котиби давлатии Вазорати Урупо ва корҳои хориҷии Фаронса Жан-Батист Лемуан ва Генерал-лейтенанти мақомоти низомии шаҳри Порис Лоран Пронса истиқбол гирифтанд.
Ҳамин тавр, Раҳмон аз назди сафи горди фахрӣ гузашта дар макони ифтихорӣ қарор гирифту сипас сурудҳои миллии ҳар ду давлат садо дод.
Истиқболи Эмомалӣ Раҳмон дар Порис - гузориши аксӣ
Баъди анҷоми гузашти горди фахрӣ муаррифии ҳайатҳои расмии ду ҷониб сурат гирифт.
Ногуфта намонад, ки дар доираи ин сафари расмӣ мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Фаронса Эманнуэл Макрон ва роҳбарони дигари воломақоми ин кишвар дар назар аст.