Раҳмон Макронро ба Тоҷикистон даъват кард

Эмомали Рахмон прибыл с официальным визитом во Францию
Президенти Тоҷикистон аз ҳамтои фаронсавиаш даъват кард, ки аз Тоҷикистон боздид кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Порис бо кишвардори Фаронса Эманнуэл Макрон дидору мулоқот кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, ки сиёсатмадорон дар ин мулоқот муносиботи гуногунҷабҳаи ду кишварро баррасӣ кардаанд.
Ҳамчунин дар ҷараёни суҳбат Раҳмон аз сиёсатмадори фаронсавӣ даъват кардааст, ки ба Тоҷикистон сафар кунад.

"Эмомалӣ Раҳмон аз президенти Фаронса даъват ба амал овард, ки дар вақти барояшон муносиб бо сафари ҷавобии расмӣ ба Тоҷикистон ташриф биёранд", - омадааст дар хабар.

Ёдрас менамоем, ки кишвардори Тоҷикистон бо сафари дурӯза дар Фаронса қарор дорад.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и Государственный секретарь Министерства Европы и иностранных дел Франции Жан-Батист Лемуан
Таҳти навои суруди миллӣ: Раҳмонро расман кӣ дар Порис пешвоз гирифт?
Интизор меравад, ки раисҷумҳури Тоҷикистон бо дигар мақомоти ин кишвар низ дидору мулоқот кунад.