ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Владмир Путин, раисҷумҳури Русия рӯзи 13-уми октябр бо сарони хадамоти махсуси Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Арманистон, Белорус ва Туркманистон мулоқот мекунад.
Мулоқоти Путин бо роҳбарони хадамоти махсуси кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар шакли видеоӣ баргузор мегардад, хабар дод хадамоти матбуотии Кремл.
Таъкид шудааст, ки ҳайати мақомдорони амниятӣ барои иштирок дар ҷаласаи 17-уми Мушовараи роҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти истихборотии кишварҳои узви ИДМ ба Маскав меоянд.
Ин мулоқот 13 октябр дар назар аст.
Ҳайати Русияро дар мулоқот мудири Хадамоти истихбороти хориҷӣ Сергей Наришкин роҳбарӣ мекунад.
Дар мавриди мавзуъҳои мулоқот мушахассан чизе оварда нашудааст, аммо аз эҳтимол дур нест, ки дар ин ҳамоиш вазъи Афғонистону амнияти минтақаӣ аз мавзуъҳои меҳварии мулоқот хоҳанд буд.