ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Ҳавошиносони Тоҷикистон пешгӯӣ кардаанд, ки 13 октябр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6 ва рӯзона 17-22 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм аст, хабар додааст “Ховар” аз қавли Ожонси ҳавошиносӣ.
Манбаъ афзуд, ҳаво дар вилояти Суғд камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5-10 ва рӯзона 18-23 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳистонӣ ҳаво шабона 4-1, рӯзона 13-18 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавои вилояти Хатлон камабри бебориш гузориш шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Давои ҳаво дар водиҳо шабона 5-10 ва рӯзона 21-26 дараҷа аст. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 2-7 ва рӯзона 17-22 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 ва рӯзона 20-25 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳистонӣ ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 18-23 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 5-7 ва рӯзона 22-24 дараҷа гарм мешавад.