ДУШАНБЕ, 13 окт – Sputnik. Пойгоҳи "transfermarkt.de" нархномаи ҷадиди футболбозону тимҳои кишварҳои ҷаҳонро нашр кардааст, ки дар ин миён даҳ дастаи Тоҷикистон низ ҷой гирифтаанд.
Бинобар арзёбиҳои ин манбаъ, даҳ тими Лигаи олии Тоҷикистон ба ин феҳраст ворид шудаанд, аммо на ҳамаи бозигарони ин дастаҳо нархгузорӣ гардидаанд.
Феълан арзиши даҳ тими Лигаи олии Тоҷикистон 22,38 миллиона евро гуфта шудааст, ки гаронарзиштарини он, "Истиқлол" 4,93 миллион евро нарх дорад.
Дар зинаи дуюм тими "Хуҷанд" бо 2,73 миллион евро ва дар мақоми сеюм "Истаравшан" бо 2,18 миллион евро ҷой гирифтаанд.
Сипас дар феҳраст ЦСКА - 2,16 миллион, "Хатлон" - 2,11 миллион, "Файзканд" - 1,85 миллион, "Душанбе" - 1,84 миллион, "Равшан" - 1,64 миллион, "Кӯктош" - 1,51 миллион ва тими "Эсхата" бо арзиши 1,45 миллион евро омадааст.
Феҳрасти ҷадид дар ҳолест, ки дар радабандии пешина "Истиқлол" - 4,75 миллион евро, "Хуҷанд" - 2,73 миллион евро, ЦСКА - 1,96 миллион, "Душанбе" - 2,09 миллион, "Равшан" - 1,3 миллион евро ва "Эсхата" - 1,55 миллион миллион евро нарх доштанд.