Вазирони Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Душанбе мулоқот мекунанд

Ҷониби Тоҷикистон интизор дорад, ки мулоқоти вазирони умури хориҷии кишварҳои аврупоӣ ва Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе таконе барои густариши ҳамкориҳо мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон зимни гузориш аз мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо мақомдорони аврупоӣ изҳор дошт, ки дар шаҳри Душанбе вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор мешавад.
Манбаъ замони мушаххасро ном набурдааст, аммо илова намуд, ки ин вохӯрӣ қарибулвуқуъ мебошад.
Таъкид шудааст, ки ин мулоқот метавонад ба таҳкими ҳамкории ҷонибҳо такони нав бахшад.
Истиқболи Эмомалӣ Раҳмон дар Порис - гузориши аксӣ
Дар ҳамин ҳол Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо мақомдорони Аврупо ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро барои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорат, тавлиди саноатӣ, иқтисоди рақамӣ, инноватсия, таъмини амнияти озуқаворию энергетикӣ ва дигар бахшҳо баён доштааст.
Феълан раисҷумҳури Тоҷикистон бо даъвати Эммануэл Макрон, президенти Фаронса бо сафари расмӣ дар Порис қарор дорад ва интизор меравад, ин сафар то 14 октябр идома ёбад.