Аспдуздӣ дар ҷамоати Доғистони Шамсиддини Шоҳин: муттаҳам боздошт шуд

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, муттаҳам дар аспдуздиҳои моҳи сентябр дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин боздошт шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. ВУД мегӯяд, бо иттиҳоми аспдуздиҳои моҳи сентябри соли равон марди 36-сола, сокини ноҳияи Шамсиддини Шоҳин боздошт гардидааст.
Манбаъ зикр намуд, ки ба идораи милиса марди 50-сола, сокини деҳаи Чордараи ҷамоати деҳоти Доғистони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин муроҷиат карда, арз доштааст, ки шаби 13 ба 14-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 24:00 шахсони номаълум аз чарогоҳи заминҳои деҳа асп ва тойчаашро дуздидаанд.
Ҷабрдида зарари расонидашударо 10 ҳазор сомонӣ арзёбӣ кардааст.
Афвшуда баъди як моҳи озодияш боз ҳабс шуд: Таксиро рабудааст - видео
Инчунин боздоштшуда дар он айбдор мешавад, ки шаби 6 ба 7-уми сентябри соли 2021 аз чарогоҳи заминҳои ҷамоати деҳоти Доғистон, як сар асп ва тойчаи сокини дигари маҳаллиро дуздидааст. Зарари расида аз ҳолати дуюми дуздӣ 16 ҳазор сомонӣ гуфта мешавад.
Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, феълан марди муттаҳам, ки қаблан низ барои дуздӣ маҳкум шудааст, боздошт гардида, тафтиши ин ҳодисаҳо идома дорад.