ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо Микурия изҳор дошт, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ислоҳотро дар ҳама бахшҳои тиҷорату иқтисод амалӣ гардонида истодааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, такмили маъмурияти гумрук, низоми иттилоотии автоматикунонидашуда, таҷдиди зерсохтори гумрук ва рушди иқтидори захираҳои инсонӣ аз мавзуъҳои меҳварии мулоқот будаанд.
Боло бурдани малакаи маъмурини гумруки Тоҷикистон дар мулоқот муҳим хонда шудааст.
Ҷонибҳо изҳори боварӣ кардаанд, гузариши пурра ба стандартҳои байналмилалие, ки аз ҷониби Созмони Ҷаҳонии Гумрук таҳия ва пешниҳод мешаванд, ба зиёд гардидани гардиши тиҷорат ва қисми воридотии буҷаи давлат мусоидат менамояд. Аз судҳои дигари такмили хадамоти гумрукӣ рушди муносибатҳои иқтисодӣ бо кишварҳои ҳамҷавор ва минтақа арзёбӣ шудааст.
Таъкид шудааст, ки Тоҷикистон соли 2018 меъёрҳои боҷҳои гумрукии воридотӣ мутобиқ ба стандартҳои Созмони Ҷаҳонии Тиҷоратро қабул намуд.